Jump to content

Ӯзбекистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 10:14, 30 ноябри 2019 тавассути SamakBot (баҳс | ҳисса) (Бот: автоматизированная замена текста (-ӯзбак +ӯзбек))
Ӯзбекистон
ӯзбекӣ: O‘zbekiston Respublikasi
Ўзбекистон Республикаси
Парчам Нишон
Шиор: «Kuch adolatdadir! (Куч ба адолат!)»
Суруди миллӣ: «O`zbekiston Respublikasi Davlat Madhiyasi» (слушать )
Рӯзи истиқлолият (аз Иттиҳоди Шӯравӣ,
31 августи соли 1991)
Забони расмӣ ӯзбекӣ
Пойтахт Тошканд
Шаҳри калонтарин Тошканд, Самарқанд, Намангон, Андиҷон, Бухоро, Нукус, Фарғона, Қаршӣ
Идораи давлат Ҷумҳурӣ
Президент Шавкат Мирзиёев
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
56-ум ҷой дар ҷaҳон
447,400 км²
4.9 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2017)
  • Зичӣ
41-ум ҷой дар ҷaҳон
32,979,000
73,0 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2017)
  • Ба сари аҳолӣ
62-ум ҷой дар ҷaҳон
$222,792 миллиард $
$7023 $
Пули миллӣ сўм
Интернет-Домен .uz
Коди телефон +998
Соат UTC +5
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ӯзбекӣ: O'zbekiston Respublikasi / Ўзбекистон Республикаси) — кишваре дар Осиёи Миёна аст. Дар шарқ бо Қирғизистон, дар шимоли-шарқ, шимол ва шимоли-ғарб бо Қазоқистон, дар ҷануби-ғарб ва ҷануб бо Туркманистон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ҷануби-шарқ бо Тоҷикистон ҳамсарҳадӣ мекунад. Пойтахт ва калонтарин шаҳри кишвар — Тошканд (аҳолиаш 2 миллион 300 ҳазор мардум). Дигар калонтарин шаҳрҳо: Самарқанд, Намангон, Андиҷон, Бухоро, Нукус, Фарғона, Қаршӣ.

Дар Ӯзбекистон аз 32 миллион зиёдтар мардум зиндагони мекунад (2017). Забони давлатии ва расмии кишвар — ӯзбекӣ. Забони русӣ дар кишвар ҳамчунин истифода мешавад.

Таърих

Мақолаи асосӣ: Таърихи Ӯзбекистон

Дар садаи даҳуми милодӣ, сарзамини кунунии Ӯзбекистон, ҷузъе аз қаламрави Сомониён буд. Пас аз Сомониён, Ӯзбекистон ба тартиб, таҳти ҳукумати Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, муғулҳо, Темуриён ва хонҳои ӯзбек буда аст. Дар садаи 19 милоди ғарб ва шимоли Ӯзбекистон зери итоати хонигарии Хева ва ҷануби Ӯзбекистон зери салтанати аморати Бухоро буд. Хонигарии Хева дар соли 1877 зери султаи Русия даромад.

Баъди Истиқлолият

  • 31 августи соли 1991 ин кишвар ба номи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ӯзб. Ўзбекистон Республикаси) истиқлолияти худро эълон кард. 1 сентябри соли 1991 — рӯзи истиқлолияти ин кишвари дӯсту бародар.
Президенти аввалини Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов
  • 15 ноябри соли 1993 дар Ӯзбекистон барориши пули сӯм-купон сар шуд. Сӯм-купон ҷои рублҳои СССР ва Русияро гирифт. 1 июли соли 1994 Ӯзбекистон пули миллии худро ба номи Сӯм қабул кард. Сӯм — то ҳоло пули миллии ва расмии ин кишвар мебошад.


  • 27 январи соли 2002 дар ин кишвар гузашт Референдуми Конститутсиявӣ дар бораи ҷорӣ кардани порлумони дупалатагӣ ва дароз кардани муддати президентӣ аз 5 сол то 7 сол.
  • 26 декабри соли 2004 ва 9 январи соли 2005 Интихоботи порлумонии навбатӣ дар Ӯзбекистон шуда гузашт. Ин дафъа овози аксари овоздиҳонро Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон гирифт (41 овоз). Ҷои дуюмро Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон (28 овоз), ҷои сеюмро Ҳизби демократии миллии «Фидокорон» (18 овоз), ҷои чорӯмро Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ» (11 овоз) ва ҷои панҷӯмро Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» (10 овоз) гирифт.
  • 23 декабри соли 2007 Интихоботи президентии навбатӣ гузашт. Аксари овоздиҳон овози худро ба президент Ислом Каримов доданд (90,76 %). Дигар овозҳоро ба Аслиддин Рустамов (3,27 %) аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон, Дилором Тошмуҳамедова (3,03 %) аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат», ва бепартиявӣ Акмал Саидов (2,94 %) гирифтанд.
Раиси Сенатӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ниғматулло Йӯлдошев
  • 27 декабри соли 2009 ва 10 январи соли 2010 Интихоботи порлумонии навбатӣ дар ин кишвар шуда гузашт. Боз овози аксари овоздиҳонро Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон гирифт (53 овоз). Ҷои дуюмро Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон (32 овоз), ҷои сеюмро Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ» (31 овоз), ҷои чорӯмро Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» (19 овоз), ва ҷои панҷӯмро Ҳаракати экологии Ӯзбекистон (15 овоз) гирифт.
  • 21 декабри соли 2014 ва 4 январи соли 2015 Интихоботи порлумонии навбатӣ дар Ӯзбекистон шуда гузашт. Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон боз аксари овози овоздиҳонро гирифт (52 овоз) ва боз бузургтарин ҳизби сиёсии ин кишвар шуд. Ҷои дуюмро ин дафъа Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ» (36 овоз) гирифт. Ҷои сеюмро Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон (27 овоз), ҷои чорӯмро Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» (20 овоз), ва ҷои панҷӯмро Ҳаракати экологии Ӯзбекистон (15 овоз) гирифт. Ин интихоботи порлумонӣ то ҳоло охирин интихоботи порлумонӣ дар ин кишвар мебошад. Интихоботи порлумонии оянда дар ин кишвар солҳои 2019/2020 мегузарад.

Ӯзбекистон баъди моҳи сентябри соли 2016

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

2 сентябри соли 2016 президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар синни 78-солагӣ дар Тошканд аз олам даргузашт. Ҷанозаи президент дар шаҳри модарии Ӯ, дар шаҳри Самарқанд гузашт, ва президенти якӯми Ӯзбекистон дар масҷиди Ҳазрати Хизр дар шимол аз маркази шаҳри кӯҳнаи Самарқанд дафн карда шуд. Дар ҷанозаи Ислом Каримов президентҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон, сарвазирон (ҳамчунин сарвазири Русия), ноиби-сарвазирон, вазирон ва дигар меҳмонҳои олӣ аз кишварҳои гуногун иштирок кардаанд. Баъди марги Ислом Каримов вазифаи президентӣ ба спикери (раиси) Сенатӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ниғматулло Йӯлдошев гузашт. 8 сентябри соли 2016 дар маҷлиси якҷояи ҳар ду палатаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Йӯлдошев худрадкунӣ аз ин вазифа кард. Ӯ гуфт, ки, барои идоракунии давлат таҷриба надорад, ва ин вазифаро ба мардуми ботаҷриба мехоҳад диҳад. Ва дар он маҷлис, сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вазифаи президенти муваққати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин шуд.

4 декабри соли 2016 дар Ӯзбекистон Интихоботи президентии ғайринавбатӣ гузашт. Дар ин интихобот овози аксари овоздиҳонро (88,61 %) Шавкат Мирзиёев аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон гирифт ва президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуд. Ҷои дуюмро Ҳотамҷон Кетмонов аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон гирифт (3,73 %). ҷои сеюмро Наримон Умаров (3,46 %) аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ва ҷои чорӯмро (2,35 %) Сарвар Отамуродов аз Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ» гирифт. Интихоботи президентии оянда дар ин кишвар дар соли 2021 мегузарад.

Сиёсату ҳукумат

Бахшбандии кишварӣ

Мақолаи асосӣ: Вилоятҳои Ӯзбекистон

Ӯзбекистон иборат аз 12 вилоят, 1 ҷумҳурии мухтор ва як шаҳри асоси дорад.

  1. Шаҳри Тошканд (1)
  2. Вилояти Андиҷон (2)
  3. Вилояти Бухоро (3)
  4. Вилояти Фарғона (4)
  5. Вилояти Ҷиззах (5)
  6. Вилояти Xоразм (13)
  7. Вилояти Намангон (6)
  8. Вилояти Навоӣ (7)
  9. Вилояти Қашқадарё (8)
  10. Вилояти Самарқанд (9)
  11. Вилояти Сирдарё (10)
  12. Вилояти Сурхондарё (11)
  13. Вилояти Тошканд (12)
  14. Ҷумҳурии Қарақалпоқистон (14)
Калонтарин шаҳрҳои Ӯзбекистон (аҳолӣ беш аз 100 000)
Шаҳр Аҳолӣ
1.07.2001[1]
Аҳолӣ
1.01.2014[2]
Тошканд 2 137,2 2 352,9
Самарқанд 361,3 509,0
Намангон 391,3 475,7
Андиҷон 338,4 403,9
Нукус 212,0 295,2
Бухоро 237,4 272,5
Фарғона 183,0 264,9
Қаршӣ 204,7 254,6
Қӯқанд 197,5 233,5
Марғилон 149,6 215,4
Ангрен 128,8 175,4
Ҷиззах 131,5 163,2
Чирчиқ 141,7 149,4
Урганч 138,6 137,3
Термиз 116,5 136,2
Навоӣ 138,1 134,1
Олмалиқ 113,1 121,1
Хӯҷайлӣ н.д. 104,5
Деҳнав н.д. 104,4
Бекобод н.д. 101,2
Шаҳрисабз н.д. 100,3

Ҷуғрофия

Иқтисодёт

Аҳолӣ

Аҳолии Ӯзбекистон 32 миллион 121 ҳазор мардум аст (дар соли 2017). 51 % мардум дар шаҳрҳо зиндагони мекунанд.

Дар таркибӣ миллии кишвар, 82 % (аз 25 миллион зиёдтар мардуми кишвар) — ӯзбекон, 5 % (аз 1,5 миллион зиёдтар) — тоҷикон, 3 % (аз 900 ҳазор зиёдтар) — қазоқон, 2 % (аз 800 ҳазор зиёдтар) — русҳо. Ҳамчунин, дар кишвар қорақалпоқҳо (аз 500 ҳазор зиёдтар), татарҳо (аз 300 ҳазор зиёдтар), қирғизҳо, корейсҳо, туркманҳо, украинҳо, арманиҳо, озарбойҷонҳо, форсҳо (эрониён), уйғурҳо, белорусҳо, яҳудиён (асосан яҳудиёнӣ бухорӣ), олмонҳо, лӯлиҳо, арабони Осиёи Миёна зиндагони мекунанд.

Идҳои давлатии кишвар

Рӯз Ном ба зобони ӯзбекӣ Ном баз забони тоҷикӣ
1 январ Yangi yil bayrami
Янги йил байрами
Соли нави мелодӣ
14 январ Vatan himoyachilari kuni
Ватан ҳимоячилари куни
Рӯзи нигоҳдорандаҳои Ватан
8 март Xalqaro xotin-qizlar kuni
Халқаро хотин-қизлар куни
Рӯзи байналхалқии занон
21 март Navroʻz
Наврўз
Наврӯз
9 май Xotira va qadrlash kuni
Хотира ва қадрлаш куни
Рӯзи хотира ва иззат
1 сентябр Mustaqillik kuni
Мустақиллик куни
Рӯзи Истиқлолият
1 октябр Oʻqituvchilar va murabbiylar kuni
Ўқитучилар ва мураббийлар куни
Рӯзи устозон ва мураббиён
8 декабр Konstitutsiya kuni
Конституция куни
Рӯзи Конститутсия
- Ramazon Hayit
Рамазон Ҳайит
Иди Рамазон
- Qurbon Hayit
Қурбон Ҳайит
Иди Қурбон

Фарҳанг

Ба зудӣ шарҳ навишта мешавад.

Аксҳои кишвар

Манбаъ



 
Созмони ҳамкории Шанхай
Қазоқистон  | Қирғизистон  | ҶХЧ  | Русия  | Тоҷикистон  | Ӯзбекистон
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Ҳиндустон | Эрон | Муғулистон | Покистон


 
Иттиҳоди иқтисодии Евразия
Қазоқистон  | Қирғизистон  | Беларус | Русия  | Тоҷикистон |  Ӯзбекистон |
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Арманистон | Молдова | Украина
  1. Demographic Yearbook 2013. Population of capital cities and cities of 100 000 or more inhabitants: latest available year, 1999—2013
  2. Статистический буклет «О населении языком цифр»