Jump to content

Нимбутта

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 08:06, 4 май 2021 тавассути VASHGIRD (баҳс | ҳисса) (ислоҳи вожаҳо using AWB)
(фарқият) ←Нусхаи кӯҳнатар | Намоиши нусхаи феълӣ (фарқият) | Нусхаи навтарин→ (фарқият)
Lavandula angustifolia Mill. дар кӯҳи Венту, Фаронса

Нимбутта (лот. Suffrútex) — рустаниҳои бисёрсола, ки қисми поёнии навдаҳояшон ба чӯб табдил ёфта, якчанд сол боқӣ мемонанду қисмҳои болоии онҳо алафӣ буда, ҳар сол нобуд мешаванд (бо ҳамин аз бутта ва буттача фарқ мекунанд). Баландин нимбутта одатан то 80 сантиметр (баъзан 150—200 сантиметр) мешавад. Ба нимбутта терескен, бештари намудҳои дармана, астрагалҳо, боялиҷҳо, рустаниҳои хазандаи сесанбар (одатан онҳоро нимбуттача меноманд) мисол шуда метавонанд.