Jump to content

Деҳоти Навгилем: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Dexbot (баҳс | ҳисса)
х r2.7.1) (робот илова карда истодааст: fa:نوگلیم
Сатри 26: Сатри 26:


[[en:Navgilem]]
[[en:Navgilem]]
[[fa:نوگلیم]]

Нусха 17:32, 25 июни 2012

Манораи Мадрасаи Абдуллохон

Навгилемдеҳаест дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон.

Навгилем зодгоҳи Лутфулло Бузургзода, нависанда ва муаллифи китоби «Алифбо» пеш аз солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аст.

Номи деҳа

Навгилем калонтарин деҳа ва маркази ҷамоати деҳоти Навгилем аст ва аз замонҳои Бобур то асри ХIХ маркази ноҳияи Исфара буда, солҳои 30-40 асри ХIХ бо сабабҳои номаълум (шояд аз оби заҳ бошад) хароб гардидааст. Баъди бунёди мадрасаи Абдуллохон (а. ХVI) мардум ба ду тарафи роҳ гилемҳои нави бисёре овехта, хонро ботантана пешвоз гирифтанд. Ин гуна пешвозгирӣ ӯро бисёр хуш омад ва дар ҳар ҷо ба таърифи он пардохт. Аз ин пас мавзеъ номи Навгилемро гирифт. Маъхазҳо аз мавҷуд будани ду қалъа — Қалъаи Мадраса ва Қалъаи Ширеш (Саранҷ) — хабар медиҳанд.

Аҳолӣ

Навгилем маҳаллаи зиёдеро фаро мегирад, ки аз байни онҳо Устомулло ва Маҷнунбед бузургтаранд. Аҳолии Навгилем с. 1907 дар 228 хоҷагӣ 1200 наф., с. 1917 460/2500, с. 1926 572/2815, с. 1991 14528 наф., с. 2003 3756/20224 наф. буда, аксар кишоварзонанд. Дар хоҷагии ба номи З. Ҳасанов заҳмат кашида, дар парваришу истеҳсоли сабзавот, ғалла, пилла, меваи хушк, тухмӣ ва тармеваҳо ҳиссагузоранд. Дар гузашта харбузаҳои хоҷакалонӣ, бобосекинакӣ, узоқӣ, гургак, амирӣ, тиризанбӯрак, бeсабозии Навгилем машҳур буданд. Боғи Насадский дар ҳудуди Навгилем нашъунумӯ дорад ва кони себу ноки гуногуннавъ аст.

Солҳои 30-ум

Нахустин артелҳо дар Маҷнунбед солҳои 1930 (1932, колхози «14-солагии Октябр», раис Турсунбой Холматов), дар Навгилем соли 1929 бо номи Крупская (раис Бисамар Қодирова; 1931, колхози ба номи Крупская, раис Муҳиддинов Шамсиддин), дар Устомулло соли 1936 колхози «Ширин» (бо номи Горкий) ташкил шудаанд. Соли 1949 колхозҳои ба номи Крупская, Микоян, Горкий ба колхози ба номи Микоян (раис Ҷӯра Норматов), соли 1951 колхозҳои «Коммуна» (Қӯшдевор), ба номи Фрунзе (Офтобрӯй), Ворошилов (Шӯртанг), Микоян ба колхози ба номи Микоян (раис Зокирхӯҷа Ҳасанов), соли 1952 колхозҳои ба номи Сталин, Микоян ба колхози Сталин (раис Обидxон Устобоев; соли 1962 колхози «Коммунизм»; 1963 «Октябр»; 1977 совхози «60-солагии Октябр»; 1996 колхози ба номи Зокирхӯҷа Ҳасанов) муттаҳид гардиданд.

Маориф

Мактабҳои аввалин соли 1922 дар хонаи Қамбархон Темурзода, дар Маҷнунбед дар меҳмонхонаҳои Азизхоҷабой ва Сангинбойбача (муаллим Абдуҷаббор Шарифзода), соли 1932 дар маҳаллаи Бeмехчагарон дар меҳмонхонаи Муллоҳасанбой таъсис ёфтаанд. Бинои аввалини мактаб соли 1928 бунёд ёфт. Дар мактаби нав Муллосаъдӣ Шукуров, Амонулло Раҳмонов, Сатторхон Қозизода, Ҳасанхон Охонзода, Нарзибой Шарифзода ва Абдурасул Махсумов кор мекарданд. Ба мактабҳои Навгилем, Қӯшдевор, Офтобрӯй, Шӯртанг ва Маҷнунбед Абдуҷаббор Шарифзода директори озод таъин шуд. Соли 1928 мактаби ҷавонони деҳот (ШКМ-школа крестянской молодёжи) ва 1936 мактаби ҳафтсола ташкил гардид.

Дар Навгилем мактабҳои (№30, 31, 32, 15 Гумбазӣ), як лисей, як хонаи маданият, магазинҳо, чойхона, китобхонаҳо дар хизмати аҳли ҷомеа мебошанд. Навгилем бо ёдгории таърихии асрҳои ХVI - ХVIII Масҷиди Абдуллохон шӯҳрат дорад. Идораҳои ҷамоат, хоҷагии ба номи Зокирхӯҷа Ҳасанов, идораи савдои деҳа ҳам дар ҳудуди Навгилем ҷой доранд. Осорхонаи олими намоёни тоҷик Лутфулло Бузургзода назди бинои идораи ҷамоат қомат афрохтааст. Фурудгоҳи ш. Исфара дар қисми ҷанубии деҳа воқест. Заминҳои Навгилем аз ҷӯйҳои Паст, Зарбоф, Чилгазӣ ва канали ба номи С. Юлдошев обёрӣ мешаванд.