Jump to content

Ноҳияи Варзоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Farorud (баҳс | ҳисса)
→‎Бахшҳои идорӣ: г:Ноҳияи Варзоб ба он гурӯҳҳо бояд шомил бошад
Барчасб: вироишгари мабдаъи 2017
Farorud (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Барчасб: вироишгари мабдаъи 2017
Сатри 33: Сатри 33:
| Барҳамхӯрӣ = [[соли 1959]]
| Барҳамхӯрӣ = [[соли 1959]]
| Номҳои пешина =
| Номҳои пешина =
| Роҳбар = Шарифхон Сафарзода
| Роҳбар = Дамонзода Хусрав Назаралӣ
| Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
| Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
| Раис2 =
| Раис2 =

Нусха 14:15, 1 май 2023

Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Варзоб
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи НТҶ
Шомили 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Варзоб
Роҳбар Дамонзода Хусрав Назаралӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис соли 1934, соли 1991
Таърихи пошхӯрӣ соли 1959
Масоҳат 1656 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Шаҳри бузургтарин Такоб
Аҳолӣ
Аҳолӣ 89 300[1] нафар (2022)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа VA
Рамзи ISO 3166-2 TJ.RR.VA
Коди телефон +992 3153
Нишонаи почта 734060
Домени интернет .tj
Коди мошинҳо TJ07
Вебгоҳи расмӣ(тоҷ.)
Ноҳияи Варзоб дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор
Деҳаи Анзоб дар дараи Варзоб

Ноҳияи Варзоб (форсӣ: ناحیۀ ورزاب‎) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст ва дар дараи рӯди Варзоб ҷой дорад. Маркази ин ноҳия шаҳраки Варзоб аст, ки 25 км шимолтар аз шаҳри Душанбе дар каронаи рӯди Варзоб ҷой дорад. Ин ноҳия 29 октябри соли 1939 дар таркиби вилояти Сталинободи ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

Ҷуғрофиё

Ноҳияи Варзоб дар водии Ҳисор ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Айнӣ аз ноҳияҳои вилояти Суғд, дар ғарб – бо ноҳияи Ҳисор, дар ҷануб — бо ноҳияи Рӯдакӣ ва ш. Душанбе, дар шарқ — бо ноҳияи Ваҳдат ҳаммарз аст. Аз сӯи ҷануб ба канораҳои шимолии шаҳри Душанбе мепайвандад. Маркази ноҳия шаҳраки Варзоб аст. Дараи Ромит, ки бахше аз ин ноҳия аст, осоишгоҳҳову созаҳои тафреҳӣ ва кӯҳнавардӣ, чашмаҳои оби маъданӣ ва сулфур дорад. Паҳноварии ин ноҳия 1656 км² аст. Аз шимоли ноҳияи Варзоб ба ҷануби он рӯди Варзоб гузар мекунад, ки ба рӯди Кофурниҳон мерезад. Аз ноҳия роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (сарҳади Ӯзбекистон) мегузарад, ки он сӯи нақби «Истиқлол», дар ағбаи Анзоб равон аст.

Ном

Аз вожаи суғдии варз – ба маънои баландӣ.

Мардум

Бино бар саршумори соли 2016 аҳолии ноҳияи Варзоб 74 800 нафар ҳаз. тан будааст[2]. Мардуми Варзоб ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.

сол 2012 2013 2014 2015 2016 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
67,4 69,4 70,9 72,7 74,8 80,5 82,2

Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Варзоб Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Варзоб - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз ҷониби мардуми ноҳияи Варзоб ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Бахшҳои идорӣ

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Варзоб 1 шаҳрак — Такоб ва 6 ҷамоат дорад[3]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Варзоб
Ҷамоат Аҳолӣ,

2009

Аҳолӣ,
соли 2015
Тагоб, шаҳрак 2400
Айнӣ 7167 14052
Варзобқалъа 8318 11438
Деҳмалик 5914 8034
Зидеҳ 5373 7219
Лучоб 5141 7174
Чорбоғ 16216 31585

Эзоҳ