Jump to content

Ноҳияи Ховалинг: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Rescuing 1 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.9.3
Farorud (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 21: Сатри 21:
|Барҳамхӯрӣ =
|Барҳамхӯрӣ =
|Номҳои пешина =
|Номҳои пешина =
|Раис =
|Роҳбар = Мирзозода Музаффар Бурҳон
|Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
|Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
|Раис2 =
|Раис2 =

Нусха 14:17, 1 май 2023

Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Ховалинг
Кишвар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Хатлон
Шомили 1 шаҳрак, 5 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Ховалинг
Роҳбар Мирзозода Музаффар Бурҳон
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1930
Масоҳат 3630,9 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 58300[2] нафар (2022)
Зичӣ 31,8 нафар/км²
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 TJ-KT
Коди телефон +992 3317
Нишонаи почта 735140
Домени интернет tj
Коди мошинҳо TJ03
Ноҳияи Ховалинг дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Ховалинг — яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23 ноябри соли 1930 ташкил ёфтааст. Соли 1958 дар натиҷаи муҳоҷир намудани оҳолии ноҳия ба дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ноҳия барҳам дода шуд. 26 апрели соли 1983 аз нав таъсис дода шуд. Аҳолиаш 54 100 нафар. Масоҳаташ 3630,9 км2. Марказаш — шаҳраки Ховалинг.

Таърих

Ховалинг, ки як гӯшаи шаҳри Мунки бостонӣ аст, дар бисёре аз сарчашмаҳои таърихӣ аз он зикр шудааст. Дар бораи пайдоиш ва маънои калимаи Ховалинг дар сарчашмаҳои таърихӣ ва забоншиносӣ ақидаҳои гуногун мавҷуд аст. Этимологияи ин калима аз шакли "хваралунка"-и забони порсии қадим ва миёна пайдо шудааст, ки ба маънии хвара-хур,ҳур, яъне рӯшноӣ, офтобӣ ва лунка ё лунг- теппа, замин, диёр. яъне диёри офтобиро дорад. табиат ва иқлими мусоид ва офтобии ин диёр таҳкимдиҳандаи далелҳои дигар мебошад. Дар ҳудуди ноҳия чанд мавзеи таърихӣ ёфт шудааст, ки аз таърихи қадима доштани Ховалинг гувоҳ аст. Аз ҷумла, бошишгоҳи Кулдара. Ин бошишгоҳ ба давраи палеолити поён тааллуқ дошта, умри 950 ҳазорсола дорад ва яке аз кӯҳантарин мавзеъ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Мардум

Бино бар омори соли 2016 аҳолии ноҳия 54,1 ҳаз. нафарро ташкил мекунад.

Сол 2019 2020 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
57,0 57,9 57,1 58,3

Бахшбандӣ

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ховалинг 5 ҷамоат[3]. дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Ховалинг [3]
Ҷамоатҳо Аҳолӣ Деҳаҳо
Ховалинг, шаҳрак 500 1
Ховалинг 10906 1
Ҷомбахт 13662 15
Ғаффор Мирзо 8806 14
Лоҳутӣ 12732 26
Шугнов 7666 14

Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Ховалинг Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Иқтисодиёт

Омӯзишу парвариш

Ниҳодҳои фарҳангӣ

Беҳдошту беҳзистӣ

Эзоҳ

  1. 1.0 1.1 https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 22 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  3. 3.0 3.1 Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — с.101-102