Jump to content

Боҳтур: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
х робот илова карда истодааст: bg, de, fi, he, hr, ja, ka, nl, no, pl, sr, tr
Сатри 11: Сатри 11:
{{зоология-нопурра}}
{{зоология-нопурра}}


[[bg:Змиегущер]]
[[de:Scheltopusik]]
[[en:Sheltopusik]]
[[en:Sheltopusik]]
[[fi:Seltopusikki]]
[[he:קמטן החורש]]
[[hr:Blavor]]
[[ja:バルカンヘビガタトカゲ]]
[[ka:გველხოკერა]]
[[nl:Scheltopusik]]
[[no:Scheltopusik]]
[[pl:Żółtopuzik bałkański]]
[[sr:Блавор]]
[[tr:Oluklu kertenkele]]

Нусха 19:39, 14 Декабри 2010

Боҳтур

БОҲТУР, б а ҳ т у р (лот. Ophisaurus apodus), як навъ калтакалоси бепой. Танаашмисли танаи мор буда, то 1,5 м дарозй дорад; рангаш сиёҳи сурхча (холхои зарди ба сабз моил ё сурхтоб дорад). Кариб дар хама нохияҳои Тоҷикистон вомехӯрад. Боҳтур дар сохили дарьё, ҳамвории доманакӯҳҳои сералафу буттазор, ҷангалҳои сирак ва боғу саҳро, ангурзор, пахтазор, шолипоязор ва ғайраҳо дида мешавад. Хуб шино мекунад. Дар лонаи хояндахо, байнн решай дарахтон ва буттахои анбух панох меоарад. Баҳорон баъди аз хоби зимистона хестан беш¬тар дар офтобруяхо мегардад. Тобистон факат пагохии барвақт ва баъди ғуруби офтоб аз лонааш мебарояд. Боҳтур. июн — июл 8—10 тухм мегузорад. Охирхои август боҳтурчаҳо (дарозиашон цариб 10 см) аз тухм баромада, хаёти мустақилона мегузаронанд. Ранги бохтурчахо зарди хокистаранг буда, 16—22 рахй кундаланг доранд. Боҳтур асосан муш, туқумшуллуқ мор, нармбаданон ва ҳашароти зараррасони хоҷагии қишлокро мехӯрад. Бахорон, баъди боронҳо лесакхоро хӯрда, ба хоҷагии қишлоқ фоида мерасонад. Боҳтур қариб хеҷ гоҳ намегазад; дар шароити сунъӣ нағз зиндагй карда, ба одам ром мешавад.

Пайвандҳои беруна

Желтопузик Ophisaurus apodus