Jump to content

Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х r2.6.8) (бот изменил: bxr:Тажикистан на bxr:Таджикистан
Сатри 611: Сатри 611:
[[bs:Tadžikistan]]
[[bs:Tadžikistan]]
[[bug:Tajikistan]]
[[bug:Tajikistan]]
[[bxr:Тажикистан]]
[[bxr:Таджикистан]]
[[ca:Tadjikistan]]
[[ca:Tadjikistan]]
[[ce:Таджики]]
[[ce:Таджики]]

Нусха 17:27, 6 Декабри 2012

Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикистон
[[Image:{{{Парчам}}}|Парчам|130px]] [[Image:{{{Нишон}}}|Нишон|90px]]
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «Суруди миллӣ»
Рӯзи истиқлолият (аз Иттиҳоди Шӯравӣ)
Забони расмӣ Забони тоҷикӣ
Пойтахт Душанбе
Шаҳри калонтарин Душанбе, Хуҷанд
Идораи давлат Ҷумҳурӣ
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
92-ум ҷой дар ҷaҳон
143 100 км²
0,3 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2009)
  • Зичӣ
95-ум ҷой дар ҷaҳон
7 349 145 нафар
50 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2010)
  • Ба сари аҳолӣ
132-ум ҷой дар ҷaҳон
4,31 млрд[1] $
570[1] $
Пули миллӣ Сомонӣ
Интернет-Домен .tj
Коди телефон +992
Соат UTC +5
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Тоҷикистон (порсӣ: تاجیکستان ) кишваре дар Осиёи Марказӣ аст. Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон (порсӣ: جمهوری تاجیکستان ) ва пойтахташ шаҳри Душанбе аст.

Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбакистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) марз дорад. Марзҳои Тоҷикистон бисёр печдор буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва Омударё мегузарад.

Тоҷикистон кишваре кӯҳсор ва пурбориш аст ва манобеъи фаровони кониву об дорад. Ин кишвар ба дарёҳои озод дастрас надорад.

Паҳноварии ин кишвар 143 100 км мураббаъ (195-ум дар ҷаҳон) аст ва бино бар додаҳои саршумории соли 2008 дар Тоҷикистон 7 215 700 тан бошанда буда, ки 79,9 дарсад аз онҳо тоҷик, 17 дарсад узбак, 1,3 дарсад қирғиз, 1 дарсад русу укроиниву тотору ғайра ҳастанд. Бештари мардуми Тоҷикистон эронизабон (порсизабону помиризабон) ва мусулмон (суннимазҳабу шиъамазҳаб) ҳастанд.

Идҳои расмии Тоҷикистон

Таърих

Эмомалӣ Раҳмон
Мақолаи асосӣ: Таърихи Тоҷикистон

Таъриху фарҳанги Тоҷикистон бо Афғонистону Эрон яксону монанд аст. Куҳантарин номе, ки ниёгони мардуми эронитабор, яъне ориёиҳо, бар сарзамини худ ниҳода буданд, Airyānǝm Vaējah буда, ки аз он дар Авесто ёд шудааст. Ҷойгоҳи ин сарзамин ҳануз дуруст ошкор нашудааст. Дертар сарзамини ориёиҳо ба 16 подшоҳӣ ҷудо гардид, ки аз онҳо дар Авесто бо номи Airyānǝm Dahyunam ёд шудааст. Ҳамин ном дертар Airyānǝm Xšaθram, Aryānšaθr ва Ērānšahr гашт ва Эрон шуд.

Яке аз он 16 dahyu ё деҳа (дар Авесто ба маънии сарзамин ва подшоҳист) Суғд ва дигаре Бохтар ё Балх буд, ки бахше аз сарзамини кунунии Тоҷикистонро дарбар мегиранд. Суғду Бохтар(Балх) дар замони шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён (558 – 330 то милод) яке аз хšaθra ё шаҳрҳои(кишварҳои) Ориёно шудаанд. Дар он замон сарзамини миёни Омударё ва Сирдарёро, ки як шаҳр (дар порсии бостон ба маънии подшоҳист) ба шумор мерафт, Парадрая низ мехонданд, ки маънояш Вар аз руд аст. Дар «Шоҳнома» - и А. Фирдавси ин сарзамин Тӯрон хонда шудааст.

Пас аз лашкаркашии Искандари Мақдунӣ ин сарзамин бахше аз подшоҳии Искандар (330 - 323 то милод) ва Селевкиён (312 - 150 то милод), подшоҳии Юнонии Бохтар (250 – 125 то милод), шоҳаншоҳии Ашкониён (250 то милод — 224 милодӣ),шоҳаншоҳии Кушониён (садаҳои I то милод– IV милоди), шоҳаншоҳии Сосониён (224 – 651), шоҳаншоҳии Ҳайтолиён (садаҳои IV – VI)ва шоҳаншоҳии Ҳоконии турк (551 - 741) шуд.

Дар замони Сосониён(224 - 651) ин сарзамин дар маводҳои таърихӣ Варазруд ё Фароруд ва Хуросон хонда мешуд ва чанд подшоҳии ҷудогона дошт.

Дар нахустин садаҳои исломӣ, дар солҳои 705-715 милодӣ, ки сулолаи Умавиён бар Хилофати араб фармон меронданд, арабҳо бар Варорӯд(Варазруд) тохтанд ва онро гирифтанду мардумашро мусулмон карданд. Аз он пас ин макон ном ба арабӣ баргардон шуд ва Мовароуннаҳрхонда шуд ва бахше аз вилояти Хуросон гашт.

Пас аз густариши Ислом дар Эрону Тӯрон, вилояти Хуросон, аз ҷумла Мовароуннаҳр(Варазруд), зиндакунандаи фарҳанги эронӣ ва офаринандаи забони порсӣ-дарӣ буд, ки ҷонишини забони паҳлавӣ, сугдӣ, тахорӣ, хутану сакои шуд. Нахустин шоирони порсигӯй аз ин сарзамин бархостанд, ба вижа Рӯдакӣ, ки падари шеъри порсӣ(форсӣ) шинохта шудааст. Дар нахустин садаҳои исломӣ, Хуросон ва Мовароуннаҳр гаҳвораи фарҳангу дониши исломӣ буданд ва бузургоне чун Абуалӣ Сино, Имоми Аъзам, Имом ал-Бухороӣ, Закариёи Розӣ, Форобӣ ва нафарони дигар дар худ парвариданд.

Мақолаи асосӣ: Давлати Сомониён

Дар садаи X милодӣ, дар замони хилофати сулолаи Аббосиён, амирони сулолаи Сомонӣ, ки аз хонаводае тоҷик буданд бархоста, бар Варорӯду(Мовароуннаҳру) Хуросон фаромонраво гаштанд. Давлати Сомониён (819 – 999) - нахустин давлати миллии тоҷикон гардид.

Ду давлати дигари тоҷикон - давлати Гуршоҳон (1150-1215) ва давлати Куртҳои Ҳирот (1245-1381) дар Хуросон ва Шимоли Ҳиндустон муддате арзи ҳастӣ намуданд.

Пас аз Сомониён (819 – 999) бар ин сарзамин подшоҳоне турку муғултабор аз силсилаҳои Ғазнавиён (998 – 1187), Қарохониён (1005 – 1141), Қарохитоиён (1141 – 1212), Салҷуқиён (1037 – 1194), Хоразмшоҳиён (1077 – 1231), Чингизиён (1220 – 1370), Темуриён (1370 – 1501), Шайбониён (1501 – 1599), Аштархониён (1599 – 1753) ва Манғитиён (1753 - 1920) фармон рондаанд.

Дар солҳои 1864 - 1868/1895 ин сарзаминро, ки дар дасти амирони манғитии Бухоро ва хони Хӯканд буд, русҳо гирифтанд ва бахше аз сарзамини мустамликадории Империяи Русия карданд.

Дар солҳои 1917 - 1921 дар ин кишвар муборизаи хунин барои пойдор намудани тартиботи Шӯравии коммунистӣ шуда гузашт, ки боиси хиҷрати қисми ахолӣ аз Ватан гардид. Пас аз шикасти амири Бухоро аз шӯришчиёни инқилобӣ дар 2 сентябри соли 1920, дар сарзамини ин аморат Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро бунёд ёфт.

Тоҷикистон дар низоми Иттиҳоди Шӯравӣ

Соли 1924 дар натиҷаи гузаронидани тақсимоти миллии худудӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ин кишварро ба чанд ҷумҳурӣ ҷудо карданд ва дар бахшҳои шарқии он Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Узбакистон сохта шуд. Зодгоҳи тамаддуну фарҳанг ва офаринандагони забони форсӣ-точикӣ дар натичаи ин амали сунъӣ парешон гардиданд. Танҳо,соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз Узбакистон ҷудо шуд ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ном гирифт.

Дар ҶШС Тоҷикистон идеологияи коммунистӣ ҳукумрон гардида, дини ислом ба зери таъқиб қарор гирифта буд, Қисми мардуми кишвар тартибу низоми шуравиро рад намуда бо Ҳукумати шуравӣ ҷангиданд (ҷанги шахрвандии с. 1921-1924). Аммо ба максади хеш нарасида Ватанашонро тарк намуданд. Дар солхои 30-40 асри XX асосҳои нави истеҳсолоти саноатй дар ҶШС Тоҷикистон гузошта шуданд. Дар деҳот коллективонии хочагидории деҳқонӣ анҷом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони соҳибмулк гардид. Инқилоби маданӣ ба ҳаёти тоҷикон мактабҳои навъи шуравӣ (мактаби махви бесаводии калонсолон, кӯдакистон, мактаби миёнаи наврасон, мактаб-интернат, омузишгохи касбӣ, мактаби олӣ) муассисаҳои илмиву фарҳангӣ (театр, китобхона, клуб, чойхонаи сурх-кироатхона, музей, боги истироҳат, кинотеатр, варзишгоҳ)- ро ворид намуд. Тоҷикистон комилан ба комплекси ягонаи умумииттифоқии хоҷагии халқ ҳамроҳ гардида, пурра тобеи Марказ (Иттиҳоди Шӯравӣ) гардид.

Солҳои 50-80 асри XX баъд аз ба сари давлат таъин гардидани сарварони таҳҷойи ба монанди Бобоҷон Ғафуров, Турсун Улҷабоев, Ҷаббор Расулов ва Қаҳҳор Махкамов иқтисодиёти Тоҷикистон рушд меёфт. Точикистон ба мамлакати хоҷагидориаш индустриалӣ - аграрӣ табдил ёфт, фарҳангу санъатӣ миллӣ эҳё гардид. Сатҳи зиндагии мардум баҳтар мегардид. Вале, бо вуҷуди он, Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз ҷиҳати таъмини манзили истиқомат, музди миёнаи маош, муассисаҳои илмӣ, маориф, фарҳанг, шумораи бекорон ва диг. дар ҷойи охирон қарор дошт. Иқтисодиёти Тоҷикистон асосан барои таъмини корхонаҳои марказии Иттиходи Шўравӣ бо ашёи хом (неруи барқ, пахта, канданиҳои фоиданок, уран ва диг) нигаронида шуда буд. Дар давраи мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (солҳои 1924 - 1991) халки тоҷик аз нав тамаддуну фарҳанг ва забони форсӣ-тоҷикиро дар каламрави хещ эҳё намуд. Сутуни ояндаи давлатдории соҳибистиқлоли Точикистон гузошта шуд. 24 августи соли 1990 ичлосияи дуюми Шўрои Олии ҶШС Точикистон, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ (ИҶШС) қабул намуд.

Пас аз "табадуллот"-и (ГКЧП) коммунистони тундрав 19-21 августи соли 1991 дар Москва, ки бемуваффақият анҷом ёфт, Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12) 9 сентябри соли 1991 Изҳорот "Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" эълон дошт. Дар асоси ин изҳорот Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсуси хешро «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд.

Ҷумҳурии Точикистон

Ҳарчанд эълони истиқлолият ҳамаи азҳоби сиёсиро қонеъ гардонида буд, вай натавонист пеши роҳи муқовимати сиёсӣ ва маҳалбозии қавмиро бигирад. Аз ҷониби азҳоби ба ҳукумат мухолифи сиёсӣ эътироф нашудани Қаҳҳор Махкамов ҳамчун Президенти ҶТ (аз 29 ноябри соли 1990), паи ҳам иваз шудани раисони Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қ. Аслонов, С. Кенҷаев, А. Искандаров) мақомоти кишварро водор сохтанд, ки зери фишори тазоҳуркунандагони мухолифин ва барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ интихоботи умумихалқии Президенти ҶТ баргузор намоянд. Маъракаи интихобот ба зиддиятҳои нави сиёсию идеолужи, мазҳабию маҳалгароӣ ва қавмию инфиродӣ боис гардид. Вазъи иҷчтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз бад мегардид. Пас аз ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Раҳмон Набиев (58,6% овозҳо) неруи мухолифин бо баҳонаҳои гуногун фаъолияти ҳукумати навро сарзаниш менамуданд. Соли 1992 аз моҳи март то ибтидои май тазоҳуроти пай дар пайи ҳизбу ҳаракатҳои ба ҳукумат мухолифин ва ҷонибдорони ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, махсусан Душанбе ба фалаҷ шудани мақомоти иҷроиия ва қонунгузории марказӣ ва маҳаллӣ сабаб шуд.

Таъсисёбии Ҷумҳурии Точикистон ба давлатдории соҳибистиқлоли халки тоҷик ва эҳёи навини тамаддуну фарҳанг ва забони форсӣ-тоҷикӣ дар каламрави хеш асос гашт. Вале низоми давлатдории тоҷикон бо амри таърих боз ба душвориҳои нав рӯбарӯ омад. Зиддиятҳои аз давраи давлати шӯравӣ мерос монда ва дахолати душманони истиқлолияти миллати тамаддунофари тоҷик, халкро ба вартаи ҷанги бародаркуш, ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор намуданд.

Воқеоти май – ноябри соли 1992 пояи далатдории Тоҷикистонро заиф сохта, кишварро ба қисматҳо тақсим кард ва хавфи аз байн рафтани давлат ба миён омад. Маҳз дар чунин шароити сангин 16 ноябри соли 1992 иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хӯҷанд баргузор гардид, ки дар он Э. Раҳмон Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар иҷлосияи таърихӣ дар қатори ҳукумати тозаинтихобгардида, масоили хотима додани муқовимати сиёсӣ- низомии байни ҳукумати расмӣ ва неруҳои мухолифин, ба эътидол овардани ҳаёти иҷтимоӣ -иқтисодӣ, ба Ватан баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Вале, масъалаи асосии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон - хотима додани муқовимати сиёсӣ - низомии байни ҳукумати расмӣ ва неруҳои мухолифин ҳалли мусбати хешро танҳо соли 1997 ёфт. Дар натиҷаи музокироти байни тоҷикон оид ба сулҳ ва оштии миллӣ солҳои 1994 – 1997 дар ш. Москва 27 июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид.

Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд ба амалӣ сохтани барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995 – 2004 ва барномаҳои дигар шурӯъ намуд. Барои аз хатари гуруснагӣ эмин доштани аҳолӣ ва бо озуқа таъмин намудани бозори дохилӣ Фармонҳои Президенти ҶТ Э. Раҳмон аз 9 октябри соли 1995 «Дар бораи 50 000 га замин ҷудо намудан барои хоҷагии назди ҳавлигӣ» ва 1 декабри соли 1997 иловатан ҷудо намудани боз 25 000 га замин аҳамияти калон дошта буд.

Дар натиҷаи ислоҳотҳои иқтисодии дар ҷумҳурӣ амалӣ гардида муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ, ки асоси онро моликияти хусусӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ ташкил медоданд, ҷорӣ шуда истодаанд.

Вале иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон бе кумаки молиявии хориҷӣ лоиҳаҳои бунёдиро амали карда наметавонад. Қарзи берунаи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 $2 млрд. 130 млн. долларро ташкил медиҳад.[3]

Дар ибтидои асри XXI барномаҳои рушди стратегии кишвар муайян шудаанд. Истиқлолияти озуқаворӣ, амнияти энергетикӣ ва рањоёбӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ - ҳадафҳои стратегии сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Қабули Конститутсия (Сарқонун)-и ҷумҳурӣ ва интихоби умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) боз як қадами устувор дар давлатдории кишвар гардид. Таѓйироту иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003). Интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии (2 палатагии) Ҷумҳурии Тоҷикистон (феврал-марти соли 2000) чорабиниҳои навбатӣ дар такмили сохтори сиёсии ҷумҳурӣ гаштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият дар доираи Созмони Милали Муттаҳид (СММ - ООН), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА - ОБСЕ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ - ШОС) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда истодааст.Ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои ИДМ ва мамлакатҳои дигари ҷаҳон пайваста рушд меёбад. [4]

Ҳокимияти давлатӣ

Ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тақсими он ба ҳокимияти қонунгузор. иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Дар боби сеюм, чаҳорум, панҷӯм, шашӯм, ҳафтӯм, ҳаштӯм Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (Соли 1994) сухан оид ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Тоҷикистон меравад.

Парламенти Тоҷикистон

Дар боби сеюми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумии фаъолияти Парламенти Тоҷикистон - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебощад. Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст (Маҷлиси ду палатагӣ баъд аз ворид гардидани тагйироту иловаҳои раъйпурсии уммумихалқии соли 1999 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст). Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсиони танзим мекунад.

28 феврали соли 2010 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ки дар он 3 миллиону 289 ҳазору 377 нафар интихобкунандагон ширкат карданд, ки 90,3 фоизи интихобкунандагонро ташкил медиҳад. Тибқи натиҷаи ҷамъбасти интихобот, 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб гардиданд. Дар байни вакилони Маҷлиси намояндагон 45 нафар аъзои Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон, 2 нафар аъзои Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, 2 нафар аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, 2 нафар аъзои Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, 2 нафар аъзои Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва 10 нафар ғайриҳизбӣ мебошанд.

Президент

Дар боби чаҳоруми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти олии иҷроия мебошад. Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар бп ҷаласаи яаҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон пешниҳод менамояд. Президент тариқи интихоботи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб карда мешавад. Номзад ба президентӣ бояд 10 соли охир дар мамлакат зиндагӣ карда, забони давлатиро донад, синнаш аз 35 зиёд бошад. Ниг. Бобби 4 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.[5]

6 ноябри соли 1994 Эмомалии Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. 6 ноябри соли 1999 Эмомалии Раҳмон аз нав дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. 6 ноябри соли 2006 Эмомалии Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд. Ливо ва Нишон рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ҳукумат


Дар боби панҷуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз сарвазир, муовини якум ва муовини ӯ, вазирони, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳбарии самараноки соҳаҳои иҷктисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон, қарорҳои Маҷлиси Миллӣ, қарорҳои Маҷлиси Намояндагон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин мекунад.(Ниг. Бобби 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ).[6]

Ҳокимияти маҳаллӣ

Дар боби шашуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумии фаъолияти Ҳокимияти маҳаллӣ навишта шудааст. Ҳокимияти маҳаллӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия иборат буда дар доираи салоҳияти худ амал мекунад. Онҳо иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон, қарорҳои Маҷлиси Миллӣ, қарорҳои Маҷлиси Намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд. Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо Маҷлиси намояндагони халқ аст, ки онро раис роҳбарӣ мекунад. Муҳлати ваколати Маҷлиси намояндагони халқ 5 сол аст.(Ниг. Бобби 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).[7]


Низоми сиёсӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1990 танҳо як ҳизби сиёсӣ - ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи таркибии ҲКИШ фаълият дошт, ки он асоси низоми сиёсии тоталитарии ҶШС Тоҷикистонро ташкил мекард ва ҳокимияти мутлақ дар дасти он буд. Ин ҳизби сиёсӣ сатҳ ва усули иштироки шаҳрвандиро дар кулли ҳокимияти давлати ба фоидаи худ ҳал мекард.

Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон шаҳрвандон ширкат варзида, метавонанд ба дигаргунишавии самти инкишофи сиёсат таъсир расонанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муқарароти Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» (соли 1998) фаъолияти сиёсии хешро истифода карда метавонанд.Шаклҳои асосии иштироки мардум дар ҳаёти сиёсӣ тариқи аъзогӣ дар ҳизби сиёсӣ ва иштирок дар интихобот амалӣ карда мешавад.

Тарзи таъсис фаъолият ва дохилшавии шаҳрвандон ба ҳизбҳои сиёсӣ дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» (соли 1998) муқарар шудааст.[8]

Ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият дошта, қисми муҳими низоми сиёсии Тоҷикистонро ташкил менамоянд.

Ҳизби Аграрии Тоҷикистон

Ҳизби Демократии Тоҷикистон

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон

Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон

Ҳизби Сотсиал - Демократии Тоҷикистон

Ҳизби Халқӣ - Демократии Тоҷикистон Боз як ҳизби дигари сиёсӣ, ки сабти ном нашудааст, Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон. таъсисаш:30 03 2002

Бахшбандии кишварӣ

Мақолаи асосӣ: Вилоятҳои Тоҷикистон

Дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 100 аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»[9], воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолишини Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот ва деҳа мебошанд. Ноҳияҳо деҳавӣ ва шаҳрӣ буда, дар итоати ҷумҳурӣ, вилоят ё шаҳр шуда метавонанд.


Дар соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ); Вилояти Суғд; Вилояти Хатлон; 17 шаҳр, 62 нохия (ҳамчунин, 13 ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дар маркази мамлакат ҷойгир шудаанд), 55 шаҳрак ва 368 ҷамоат иборат аст.<refname=autogenerated1>http://www.stat.tj/russian_database/socio-demographic_sector/administrative-area_units.xls</ref>


Ҳамакнун сарзамини Тоҷикистон ба чунин воҳидҳо бахш карда шудааст:

Аҳолӣ,
. ҳазор тан
Зичии аҳолӣ,
кас/км²
Шумораи ноҳияҳо


Марказ
Душанбе 724 1,2 603 4
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон| 206 64,2 3,2 7 Хоруғ
Вилояти Суғд| 2 237 25,4 88,1 18 Хуҷанд
Вилояти Хатлон| 2 676 24,8 107,9 21 Қурғонтеппа
НТҶ 1 722 28,6 60,2 13 Душанбе

Иқтисод

Саноат

Мақолаи асосӣ: Саноати Тоҷикистон

Ҷанги шаҳрвандӣ (1992 -1997) ба фаъолияти саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши манфӣ гузошт. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аз соли 1996 инҷониб аксар зараровар ҳисоб мешаванд. Зеро, аз ин сол сар карда ба ҷумҳурӣ воридоти молҳои саноатии хориҷӣ хело афзуд. Дар натиҷа аз як тараф аксарияти корхонаҳои саноатӣ фаъолият намекарданд, аз тарафи дигар, он корхонаҳое, ки фаъолият менамоянд, маҳсулоташон бо молҳои ба ҷумҳурӣ ворид шудаи хориҷӣ рақобат карда наметавонанд. Корхонаҳои муштараки саноатии Тоҷикистон дар натиҷаи инвеститсияҳои хориҷӣ ба миён омада фаъолият (асосан соҳаи саноати сабук) мебаранд.

Дар соли 2011 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 952 корхонаи саноатӣ арзи вуҷуд мекард (аз байни онхо 10,2% кор намекарданд). Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи саноатӣ дар 9 мохи соли 2012 - $1,4 млрд ташкил медиҳад.[10]

Мувофиқи ахбороти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ чунин соҳаҳои асосии саноат арзи вуҷуд доранд:

Коркарди маъданхои кӯҳӣ ва металҳои нодир;

Истеҳсоли ангишт (дар кони ангишти Шуроб, Фон-Яғноб [кокс] ва Назарайлоқ [антрасит]);

Истеҳсоли газ ва нафт (дар водии Вахш, Ҳисор, Хоҷа Сартез дар Кӯлоб ва вилояти Суғд);

Истеҳсоли металҳои ранга (арзиз, тилло, нукра, сурб, цинк, висмут, ртуть, вольфрам, молибден);

Саноати сабук (асосан коркарди пахта ва хуроквори);

Саноати кимиё (Комбинати кимиёи Ёвон, Заводи азотбарории Вахш);

Саноати масолеҳи сохтумонӣ;

Саноати мошинасозӣ;

Саноати пилла. [11]

Бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ

Ҷанги шаҳрвандӣ (1992 -1997) боиси харобии иқтисод ва баста шудани корхонаву муассисаҳои давлатӣ гардид.Корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ ва диг. ширкатҳои хурду миёнаи хизматрасони асосан 10-15% қавваи кории ҷумҳуриро бо кор таъмин мекунанд. Бинобар ин шумораи мардуми қобили кор ба сафи муҳоҷирони меҳнатӣ тахминан ба 1 000 000 нафар расидааст.Саҳми онҳо дар иқтисодиёт меафзояд Бар асоси гузоришҳои расмӣ, дар Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ беш аз як милюн муҳоҷири кории тоҷик фаъъолият мекунанд, ки ағлаби онҳо ҳамасола сармояи зарурӣ барои таъмини рӯзгори хонаводаҳоро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.Дар соли 2011 муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 2,7 млрд дулор пул интиқол додаанд.Дар миёни кишварҳое, ки иқтисодашон ба маболиғи интиқолии муҳоҷирони корӣ вобаста аст, Тоҷикистон ҳамчунон болотарин ҷойгоҳро ба худ ихтисос медиҳад.[12]

Хоҷагии кишоварзӣ

Маҳсулоти асосии кишоварзӣ:

пахта

ғалла

абрешим

сабзавот

мева

тамоку

меваи хушк

Соҳаи чорводорӣ (дар ноҳияҳои кӯҳӣ)

Энергетика

Мақолаи асосӣ:Энергетикаи Тоҷикистон

Нерӯи асоси энергетикаи Тоҷикистонро Нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мекунанд. Ҳаҷми умумии муайяншудаи иқтидори Нерӯгоҳҳои барқии обӣ - 4070 МВт аст. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ - 527 млрд. кВт. соатро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад.

Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:

1.1. НБО Норак – бо иқтидори 3000 МВт

1.2. НБО Бойғозӣ– бо иқтидори 600 МВт

1.3. НБО Сангтӯда – 1 – бо иқтидори 670 МВт

1.4. НБО Сарбанд – бо иқтидори 240 МВт

1.5. НБО Шаршара – бо иқтидори 29,9 МВт

1.6. НБО Марказӣ – бо иқтидори 15,1 МВт

1.7. НБО - Қайроққум – бо иқтидори 126 МВт дар Сирдарё

1.8 Силсилаи НБО Варзоб (НБО Варзоб-1, НБО Варзоб-2 ва НБО Варзоб-3) - бо иқтидори умумии 25,7 МВт.

1.9. Силсилаи НБО – и хурд.

Имрӯз дар Тоҷикистон сохтмони НБО Сангтӯда–2 – бо иқтидори 220 МВт ва якчанд НБО – и хурд бо кӯмаки инвеститсионии давлати Эрон ва дигар давлату хазинаву бонкҳои хориҷӣ идома ёфта истодааст. Дар соли 2010 истеҳсоли энергияи барқ 14 млрд. 614 млн.кВт. соатро ташкил дод. Норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз моҳҳои октябрь то май соли оянда давом мекунад. Дар ин мӯҳлат бо карори Ҳукумати Тоҷикистон барои муассисаю корхонаҳо ва хонадони аҳолии шахру нохияхои ғайри пойтахт – ш. Душанбе, якчанд сол аст (аз миёнаи солҳои 90-уми сари XX то имрӯз [соли 2012]), ки лимити истифодаи барқ ҷорӣ карда мешавад. Ин амал барои рушди иқтисодиёт ва беҳдошти саломатии аҳолӣ зарар мерасонад. Сохтмони НБО Роғун – бо иқтидори 3600 МВт азнав дар соли 2010 сар шудааст. Ба истифода супоридани нерӯгоҳҳои барқии обӣ НБО Сангтӯда–2 ва махсусан НБО Роғун норасоии нерӯи барқро дар Тоҷикистон бартараф хоҳанд кард.

Лоиҳаҳои муштараки инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаблон:Карта Таджикистана

Тоҷикистон ва Чин

- Июни соли 2006 дар рафти ташрифи Президенти Тоҷикистон ба Шанхай (Ҷумҳурии Халқии Чин) дар бораи маблағгузории се лоиҳаҳои муштараки инвеститсионии Чин дар Тоҷикистон ба миқдори $ 603,5 млн. шартнома ба имзо расид:

- Таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди ДушанбеАйнӣШаҳристонИстаравшанХуҷанд – Бўстон – Чанак (сарҳади Ўзбекистон) , ки 411 км дарозӣ дорад ва нақби Шахристон. Роҳи автомобилгард пойтахти мамлакат Душанберо тамоми сол бо нохияхои Тоҷикистони Шимоли мепайвандад;

- Сохтумони хати баландшиддати барқии «Ҷануб – Шимол» (ЛЭП – 500кВт) , ки 350 км. дарози дорад;

- Сохтумони хати баландшиддати барқии «Лолазор – Хатлон» (ЛЭП – 220кВт) .

- Хароҷоти умумии лоиҳаҳо - $ 640 млн. Аз ҷумла: $ 603,5 млн. саҳми Ҷумҳурии Халқии Чин, $ 36,5 млн. дигар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Лоиҳаҳои муштараки инвеститсионии Чин дар Тоҷикистон солҳои 2006-2011 амали шудаанд.

Тоҷикистон ва Россия

- 16 феврали соли 2005 барои сохтани НБО Сангтӯда–1 ҷамъияти муштараки саҳҳомии Русияю Тоҷикистон – «НБО Сангтӯда–1» бо иштироки Компанияи русиягии «Интер РАО ЕЭС» ва Вазорати энергетикаи Тоҷикистон бунёд шуд. Хароҷоти умумии сохтумон – $ 482 млн. муайян гардид. 75% саҳмияҳо аз Русия («ЕЭС Русия») ва (25%) аз Ҳукумати Тоҷикистон аст.

- 20 январи соли 2008 агрегати якўм ва июли соли 2009 агрегати охирин – чаҳоруми НБО Сангтӯда – 1 ба истифода дода шуд. Иқтидори нерўгоҳ - 670 меговатт, иқтидори солонааш 2,7 млрд. кВт ва баландии сарбандаш – 75 метр мебошад.

Тоҷикистон ва Эрон

- Сохтмони нақби (тоннели Анзоб) «Истиқлол» соли 1998 бо кўмаки молиявии Эрон сар шуд.Дарозии нақби (тоннели Анзоб) «Истиқлол» 5049 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони он аз ду ҷониб - шимол ва ҷануб сар шуда дар арафаи иди Наврӯз марти соли 2006 ба охир расидааст.Нақби (тоннели Анзоб) «Истиқлол» имконият фороҳам овард,ки равобити байни вилояти Суғд бо ноҳияҳои марказу ҷануби Тоҷикистон соли дароз таъмин карда шавад.

- 20 феврали соли 2006 маросими сохтмони НБО Сангтӯда–2 оғоз гардид, ки иқтидори 4 агрегати он - 220 меговатт мебошад. Хароҷоти умумии сохтумон – $ 220 млн., Аз ҷумла: $ 180 млн. саҳми Ҷумҳурии Исломии Эрон, $ 40 млн. дигар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сентябри соли 2011 агрегати якӯм ба истифода дода шуд ва соли 2012 агрегати охирин – дуюми НБО Сангтӯда–2 ба истифода дода мешавад.

Ба ивази саҳми гузошташуда ва сохтани ин нерӯгоҳ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, баъди ба истифода супоридани нерӯгоҳ, барқи онро 12,5 сол истифода мебарад. (инро методи «Биотӣ» меноманд).

Баъди ба итмом расидани 12,5 сол, истифодаи барки НБО Сангтӯда–2 пурра ба ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад. [13][14]


Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё,хазинаи ОПЕК


Нақби автомобилгарди "Шаҳристон"

Нақби автомобилгарди "Шаҳристон" дар роҳи автомобилгарди ДушанбеХуҷанд – Чанак (Ўзбекистон) киллометри 180 ҷойгир аст (дар сарҳади ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Сохтумони нақб давоми корҳои таъмири роҳи ДушанбеХуҷанд – Чанак (Ўзбекистон) мебошад. Сохтумони нақб расман 22 августи соли 2006 оғоз ёфтааст. Арзиши лоиҳаи сохтумони нақби автомобилгарди "Шаҳристон" - 175 млн. сомонӣ ки аксарияташ маблаѓгузории Бонки рушди Осиё аст. Дарозии нақби "Шаҳристон" – 5253 метр Сохтумони нақбро – ширкати ChainaRoad (Чин) ба ўҳда гирифтааст.

Роҳи мошингарди Душанбе - Чанак бо харҷи қариб як миллиарду 430 миллион сомонӣ навсозӣ шуд. Барои бунёду таҷҳизи нақби Шаҳристон бошад, ки дарозиаш 5253 метр мебошад бо 5289 метр нақби ҳаводиҳандааш қариб 430 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Ифтитоҳи ин иншооти муҳим, албатта боиси шодию нишоти мардуми кишвар, хусусан ронандагоне гардидааст, ки мунтазам аз ағбаи душворгузари Шаҳристон убур мекунанд, зеро солҳои тӯлонӣ ҳангоми гузаштан аз ин ағба, хусусан дар фасли зимистон бар асари боришоти пай дар пай, фаромадани тарма ва садамаҳои зиёди нақлиётӣ талафёбии молу маҳсулот ва ҳатто ҳодисаҳои ба ҳалокат расидани ронандагону мусофирон ба мушоҳида мерасид.

То ин вақт мусофирон роҳи миёни шимолу ҷануби кишвар ё худ миёни шаҳрҳои Душанбеву Хуҷандро дар 10-15 соат тай мекарданд, ҳоло бошад ин кор дар 3-4 соат анҷом меёбад.[15].[16]


Роҳи автомобилгарди Айнӣ - Панҷакент


Роҳи автомобилгарди Айнӣ - Панҷакент - дар роҳи автомобилгарди ДушанбеХуҷанд – Чанак (Ўзбекистон) ҷойгир аст (дар сарҳади ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғди Тоҷикистон). Сохтумони он давоми корҳои таъмири роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чанак (Ўзбекистон) мебошад. Сохтумони нақб расман октябри соли 2012 оғоз ёфтааст. Арзиши лоиҳаи сохтумони роҳи автомобилгарди Айнӣ - Панҷакент - $136 млн. - саҳми Бонки рушди Осиё, $14 млн. - саҳми хазинаи ОПЕК ва $22 млн.саҳми Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Дарозии роҳи автомобилгарди Айнӣ - Панҷакент – 113 километр

Ба истифода супоридани роҳи автомобилгарди Айнӣ - Панҷакент - соли 2016 ба накша гирифта шудааст.[17]

Ҷуғрофия

Кӯҳсори Тоҷикистон

Тоҷикистон кишваре кӯҳистонӣ буда ва 93 дарсади сарзамини он аз 300 то 7495 м баландтар аз сатҳи дарё аст. Кӯҳсори Тоҷикистон бахше аз кӯҳистонҳои Тиён-Шон ва Помир ҳастанд. Баландтарин кӯҳҳои Тоҷикистон инҳоянд:

Кӯҳ Баландӣ Ҷойгоҳ
Қуллаи Истиқлолият 7,174 м 23,537 ft     кӯҳсори Олой
Кӯтали Қизиларт 4,280 м 14,042 ft     кӯҳсори Олой
Қуллаи Исмоили Сомонӣ (аз ҳама баландтарин) 7,495 м 24,590 ft     Помир
Қуллаи Абуалӣ ибни Сино 6,974 м 22,881 ft     шимолтар аз Қуллаи Исмоили Сомонӣ
Қуллаи Корженевскӣ 7,105 m 23,310 ft     Помир
Қаторкӯҳи Академияи Фанҳо 6,785 м 22,260 ft     Помир
Қуллаи Конкорд 5,469 м 17,943 ft     кӯҳсори Қарақорум
Қуллаи Карл Маркс 6,726 м 22,067 ft     кӯҳсори Қарақорум
Қуллаи Маяковскӣ 6,096 м 20,000 ft      марз бо Афғонистон.

Иқлим

Иқлими Тоҷикистон гарму хушк аст ва зимистонаш кӯтоҳу серун ва тобистонаш дарозу гарм аст. Дар моҳи январ дамои ҳаво аз +22 °C (дар ноҳияи Панҷ) то -61 °C (дар Булункӯл), дар моҳи июл дамои ҳаво аз -8 °C (дар Булункӯл) то +50 °C (дар ноҳияи Панҷ) тағйир меёбад.

Вобаста аз пастиву баландии маҳалл аз сатҳи дарё, дар Тоҷикистон чанд навъи иқлим ташаккул меёбад:

  • Иқлими хушки субтропикӣ (дар водиҳои Вахш ва Ҳисор) ки тобистон тӯлониву гарм ва зимистон кӯтоҳу нарм ва мизони бориш кам (150 - 200 мм) аст.
  • Иқлими мӯътадил дар минтақаҳои миёнакӯҳ ки тобистон серун ва зимистон сард буда мизони бориш бисёр (то 1550 мм) аст.
Акси Қуллаи Исмоили Сомонӣ (дар гузашта бо номи Пики Коммунизм) вақте ки Тоҷикистон қисми Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Расонаҳои ҳамагонӣ

Расман оғози таърихи матбуоти тоҷик ба нашри аввалин шумораи "Бухорои шариф" дар 11 марти соли 1912 нисбат дода мешавад. Биноба он ҳар сол дар 11-уми март Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад. Вале пажўҳишгарон тазкира ва осори насри қадимии тоҷикиро зинаи аввали журналистикаи тоҷик мешумуранд. Чунончӣ, муаллифони китоби "Таърихи матбуоти тоҷик" И. Усмонов ва Д. Давронов корбурди жанрҳои хабар, гузориш, мусоҳиба ва ғайраро дар солнома ва таърихнигориҳои садаҳои 10 то 15 тазаккур медиҳанд. Дар нимаҳои дуввуми садаи 19 ва оғози садаи 20 бархе аз нашрияҳо чоп шудаанд, ки матолиберо ба точикӣ нашр кардаанд. Дар давраи шӯравӣ матбуот зери назорати шадиди давлат қарор дошт, вале дар ин давра низ аз талошҳои озодбаёнӣ дар бархе аз онҳо ба мушоҳида расидааст. Ибтидои солҳои 90-уми садаи 20 давраи шукуфоии матбуоти озоди Тоҷикистон шуморида мешавад, ки ба нашрияҳое монанди "Чароғи рўз", "Растохез", "Сухан", "Адолат" ва монанди инҳо нисбат дода мешавад. Дар солҳои Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон 1992 то 1997 даҳҳо журналисти тоҷик кушта ва аксари журналистони боҳунар кишварро тарк кардаанд. Ҳоло матбуоти мустақили Тоҷикистон аз нав ҷон мегирад ва чанд нашрия, хабаргузорӣ, радио ва телевизионҳои мустақил талош доранд, бо истифода аз озодии матбуот рисолати худро амалӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон 4 нашрияҳои давлатӣ: «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета» ба забони русӣ ва «Халқ овозӣ» ба забони узбекӣ нашр мешаванд. Инчунин, нашрияҳои ғайридавлатӣ; Рӯзномаи «Миллат», Рӯзномаи «Озодагон», Рӯзномаи «Имрӯз», Рӯзномаи «СССР», Рӯзномаи «Азия-плюс», Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва диг. ба забони гуногун нашр мешаванд.

Ба воситаи спутники ABS-1 (75.0°E) чор телеканалҳои Тоҷикистон — ТВ «Шабакаи аввал», ТВ «Ҷаҳоннамо», ТВ «Баҳористон» и ТВ «Сафина» номоишҳои хешро омодаи тамошобинон мекунанд. Аз рӯи маълумоти Вазорати фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон дар соли 2010 - 254 номгуй рӯзнома ва 125 номгуй маҷалла сабт шудаанд.

Оҷонсиҳои Иттилоотии Тоҷикистон

Дар солҳои истиқлолият таъсис ва рушди Оҷонсиҳои Иттилоотии Тоҷикистон ба назар мерасад. Имрӯз дар ҷумҳури 8 Оҷонсиҳои Иттилоотӣ амал карда истодаанд: Оҷонсии иттилоотии «СИМОНЮС», Оҷонсии иттилоотии «АВЕСТО», Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс», АМИТ «ХОВАР», Оҷонсии Иттилоотии «Хатлон-пресс», Оҷонсии иттилоотии «Помир Медиа», Оҷонсии умумимиллии иттилоот «ТОҶНЮС»(«TOJNEWS»), Оҷонсии иттилоотии «Хабарнигори РАШТ.

Воситаҳои алоқа

Дар солҳои 90 асри XX истифодаи алоқаи телефонӣ барои аз 2 то 8% ба 100 нафар аҳоли дастрас буд. Баъд аз ба охир расидани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аввалин қадамҳо барои азнав кардани системаи алоқаи телефонӣ ва рақами (цифровая) намудани он гузошта шуд. Соли 1998 аввалин маротиба дар Душанбе пайвасткунаки рақамӣ (цифровой комутатор) барои 2500 муштарӣ ва соли 1999 ба 10000 муштариён ба кор даромад. Соли 2003 стансияи телефонии Қургонтеппа, соли 2004 Хӯҷанд ва соли 2005 Хоруғ, Кулоб, Турсунзода ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба системаи пайвасткунаки рақамӣ гузаштаанд. Системаи мобилии алоқаи телефонӣ дар Тоҷикистон аз соли 1996 инкишоф меёбад. Аввалин ширкате, ки ба бозори алоқаи мобилии телефонии Тоҷикистон дохил шуд ин СП "ТоҷикТел" буд. Соли 1998 дар Хӯҷанд СП "Сомонком" хизматрасониро дар бозори алоқаи мобилии телефонии Тоҷикистон бо стадарти GSM сар кард. Имрӯз, ширкатҳои гуногун хизматрасониро дар бозори алоқаи мобилии телефонии Тоҷикистон ба сомон расонида истодаанд. Шумораи муштариёни ширкатҳои алоқаи мобилии телефонии Тоҷикистон зиёда аз 5 млн. аст. [18]

Адабиёт

Акс:220px-Rudaki.jpg
Рӯдакӣ-асосгузори адабиёти форсу-точик

Назму насри форсу-тоҷик тули чандин асрҳо тараққи мекард. Давраи нашъу намои адабиёти форсу-тоҷик ба асрҳои миёна рост меояд, вақте, ки дар Осиёи Миёна аввалин давлати тоҷикон ба вуҷуд меояд (874-1005). Маҳс дар ҳамин давра тараққиёти миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Сомониён ба илм ва адабиёт диққати махсус зоҳир мекарданд. Шоирон ва олимони ҳамон давра ба монанди Рӯдаки, Абӯали ибн Сино (Авиценна), Фирдавси, Унсурӣ, Дақиқӣ дар даргоҳи шоҳони Сомониён кор ва фаъолият мебурданд. Эрониён ва тоҷикон он вақтҳо як қавмро бо решаҳои бо ҳам пайваст ташкил мекарданд ва адабиёт, санъат, илм ҳам дастраси ҳамагон буд. Рӯдакӣ асосгузори адабиёти форсу-тоҷик мебошад. Истилои арабҳо ба Осиёи Миёна дигаргуниҳои зиёде овард. Маданияти бой ва архитектураи тоисломии тоҷикон нест карда мешуд, китобҳо сузонида мешуданд. Дар Осиёи Миёна дини ислом ҷори шуда забони арабӣ-умуми гардид. Забони нави адабӣ – забони форсу-тоҷик дар асрҳои IX-X ташаккул гардид. Рӯдакӣ – шоири барҷаста, асосгузори адабиёти форсу-тоҷик, аввалин шуда забонро ташаккул дод ва онро дар назми худ истифода бурда, якчанд жанрҳои адабии он замонро ба вукуъ овард. Маҳз аз ҳамон давра сар карда адабиёти форсу-тоҷик ташаккул ёфта дар тамоми олам машҳур гардид. Дар охири асри X Фирдавси «Шоҳнома»-и безаволи худро 'эҷод кард, ки аз ҷихати маъно ва ҳаҷм дар тамоми адабиёти олам ҳамтоё надорад. Асри XI бо ба вукуъ омадани эпосҳои романтики машҳур шудааст. Маҳз дар ҳамин жанр силсилаи достонҳои Унсури, Айюки, Гунгури, Умар Хаём мебошанд, вале «Ҳамса»Низомии Ганчавӣ аз ҳама зеботар мебошад, ки асри XII эҷод карда шудааст. Дар асри XIII «Бустон» ва «Гулистон»- и Саъди, дар асри XIV достонҳои Амир Хусрави Дехлавӣ ва Хоҷа Кирмонӣ, Камоли Хӯчандӣ ва ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ эчод шудаанд. Асри XV бошад бо назми Ҷоми машҳур гардидааст.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ

Мусиқӣ ва театр

Мусиқӣ ва театр

Дар Тоҷикистон 15 муассисаҳои театрӣ ва 5 консертӣ фаъолият доранд.

Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов, Театри давлатии драмаи русии ба номи Вл. Маяковский, Театри давлатии лӯхтак, Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ, Театри давлатии мусиқӣ -драмавии ба номи Т. Фозиловаи ш. Конибодом, Театри давлатии узбекии мусиқӣ -драмавии ба номи Ш. Бурҳонови н. Спитамен, Театри давлатии драмаи русии ба номи А.С. Пушкини ш. Чкалов, Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ш. Хуҷанд, Театри давлатии лўхтаки ш. Чкалов, Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи С. Вализодаи ш. Кўлоб, Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови ш. Қӯрғонтеппа, Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи М. Назарови ш. Хоруғ, Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ -драмавии н. Данғара.

Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев, Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ, Ансамбли давлатии рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода, Ансамбли «Сомон», Маркази эҷодии «Илҳом», Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» ва Сирки давлатии Тоҷикистон.

Омӯзишу парвариш ва фарҳанг

Пайвандҳои беруна

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Пайнавиштҳо

  1. 1.0 1.1 IMF report data (april 2010)
  2. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №21, мод. 237; соли 1998, №10, мод.125, №23-24, мод. 338; соли 1999, №5, мод.76, №12, мод.308; соли 2002, №4, ќ-1, мод.191, мод.194, мод.197; соли 2003, №4, мод.132, №8, мод. 449, №12, мод. 678; соли 2004, №5, мод. 350, №12, ќ-1, мод. 697; соли 2005, №3, мод. 131, №12, мод. 658; соли 2008, №1, ќ-2, мод. 9, №3, мод.188, №12, ќ-1, мод. 988; соли 2009, №5, мод.319, №7-8, мод. 493, №11, мод. 698, мод. 699; соли 2010, №7, мод. 544, мод. 548.
  3. http://www.regnum.ru/news/1581914.html
  4. Кофронси илмӣ - назариявӣ, базшида ба 20 солагии Истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, с.29 - 30, 66 - 70, 71 - 75
  5. Конститутсияи ҶТМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  6. Конститутсияи ҶТ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  7. Конститутсияи ҶТ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  8. Конститутсияи ҶТ. Қонунҳо ва қарорҳо. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  9. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №21, мод. 239; соли 2000, №11, мод. 513; соли 2003, №4, мод.153; соли 2008, №3, мод. 182; соли 2009, №7-8, мод.489; №12, мод.
  10. http://www.regnum.ru/news/1582915.html
  11. www.minenergoprom.tj
  12. http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2012/11/121121_zkh_worldbank_report.shtml
  13. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.
  14. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик.Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010
  15. http://www.khovar.tj/president/24933-iftito1203i-rasmii-na1179bi-moshingardi-sha1203riston.html
  16. Сдачу тоннеля «Шахристан» вновь перенесли на месяц//Аsia-Plus/ № 73(760), 27 сент. 2012
  17. Дорога на Узбекистан будет восстановлена//Аsia-Plus/ № 71(758), 20 сент. 2012
  18. Ғафуров Ғ. Аз таърихи ба вуҷуд омадани сисстемаи замонавии алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон//Конфронси ипмӣ-назаривӣ, бахшида ба 20-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Душанбе,2011, с.82-83.


 
Созмони ҳамкории Шанхай
Қазоқистон  | Қирғизистон  | ҶХЧ  | Русия  | Тоҷикистон  | Ӯзбекистон
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Ҳиндустон | Эрон | Муғулистон | Покистон


 
Иттиҳоди иқтисодии Евразия
Қазоқистон  | Қирғизистон  | Беларус | Русия  | Тоҷикистон |  Ӯзбекистон |
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Арманистон | Молдова | Украина

*